Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст

Имрӯз, 24 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард  ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 январ идома хоҳад ёфт.

АМИТ "Ховар"