Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар тартиб (реҷа)-и кори нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, тағйирот ба амал омад.
Бино ба иттилои Маркази мазкур, нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳри Душнбе аз 13 то 16 июн фаъолият намекунанд.
Вобаста ба ин, аз шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2019 иштирок кардан мехоҳанду то ҳол худро номнавис накардаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои номнависӣ ба нуқтаҳои бақайдгирӣ аз рӯзи 17 июн (рӯзи душанбе) муроҷиат кунанд.
Хотирасон мекунем, ки марҳалаи иловагии бақайдгирӣ дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон (ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15) ва муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100 (ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17) ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.
АМИТ «Ховар»