Имрӯз, 25 июл натиҷаҳоиимтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимиитаҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019эълон карда шуданд.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чун солҳои пешин маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Бояд гуфт, ки дар паёмак ба ҳар довталаб рақами назоратӣ, холҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб маълумот фиристода шуд.
Маркази миллии тестӣ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 3 август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок кардан дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисм(ҳо)-ро талаб мекунанд, надоранд.
АМИТ «Ховар»