Китоб ба истилоҳ аз мураккабтарин офаридаҳо буда, давраи ниҳоят тўлонии таърихиро аз сар гузаронидааст. Тавассути китоб наслҳои оянда ба ҳақиқати объективии ҳаёти ҷамъиятии ниёгон, фаҳмиши илмию бадеии онон шинос мешаванд. Дар инкишофи дунёи маънавии инсон китоб ба муқаддастарин воситаи зиндагӣ табдил ёфтааст. Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият ва фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард.
Бо назардошти аҳамияти бузурги китоб дар тарбияи насли наврас ва кӯдакон шуруъ аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (International Board on Books for Young People, IBBY), ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона 2 апрел чун Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола дар ин рӯз тавассути Дафтари байналмиллали китоб барои насли ҷавон (IBBY) маросими бошукуҳе ба муносибати бузургдошти мақоми китоби кӯдакона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар кишварҳое, ки узвияти ин созмон ба шумор мераванд, таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки пайдоиши адабиёти бачагона таърихи чандон куҳан надорад. То миёнаҳои асри 17 асосан ба кӯдакон ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ идома медоданд.
Дар асри 18 аллакай кӯдакон маҳсули эҷодиёти нависандагони бузурге ба монанди Даниел Дефо- «Робинзон Крузо» ва «Сайёҳати Гулливер»-и Ҷонатон Свифтро мехонданд. Танҳо дар асри 19 кӯдакон тавонистанд он асару офаридаҳоеро мутолиа намоянд, ки махсус барои онҳо навишта шуда буданд,— қиссаҳои бародарон Гримм ва Г.Х. Андерсон, ки тавонист саҳми хешро дар офаридани асарҳои кӯдакона гузорад.
Адибони тоҷик низ дар радифи эҷодкорони халқу миллатҳои дигар тавассути офаридаҳои барҷаста, роману достонҳои таърихию илмӣ суннату арзишҳои миллии худро васф кардаанд. Мероси ғании суханварони мумтоз- Фирдавсӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Назри Яздону Лоиқ, Бозор Собиру Фарзона ва даҳҳои дигар далели гуфтаҳои болоянд. Аҳли илму маърифат тавассути офаридаҳои оламшумул насли наврасро ҷониби некию накӯкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд.
Бояд гуфт, ки китобҳои бачагонае, ки аз ҷониби шоиру нависандагон барои кўдакон таҳия ва нашр мешаванд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани завқи бадеӣ ва зебоипарастии наврасон нақши калон мебозанд ва набояд фаромӯш сохт, ки имрўз дастрасии озодона ба иттилоот дар «Созишномаи ҳуқуқи кӯдак» ба сифати яке аз ҳуқуқҳои дахлнопазири кўдакон эътироф карда шудааст. Дар ин санади муҳими байналмиллалӣ, ки онро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 26 июни соли 1993 ба тасвиб расонида буд, омадааст, ки ин ҳуқуқ новобаста ба санадҳо, дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ё чопӣ, дар шакли асарҳои санъат ё ба васоити дигар мувофиқи интихоби кӯдак амалӣ мешавад ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ин нуктаро ба инобат гирифта, баҳрии тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавону наврас ҳамасола Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд. Ба гуфтаи Назирхонум Аҳмадова, корманди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, яке аз мақсадҳои асосии баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» низ тарғиби бузургони сухан ва кашфи суханпардозони наврас, тарғиби осори баргузидаву асарҳои тозаэҷод мебошад. Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ба ҳамин нуқта, яъне тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои нави фарҳангӣ, робитаи шоирону нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона нигаронида шудааст».
Бино ба маълумоти расмӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 1354 адад китобхонаҳои давлатию оммавӣ, аз ҷумла 79 китобхонаи бачагона бо фонди умумии зиёда 8 млну 535824 нусхаи чопӣ ва маводи иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки бо китобҳои «Мунтахаби осор»,- и Убайди Зоконӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рубоиёт»- и Умари Хайём, панду андарзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Олуча гули бодом»-и Убайди Зоконӣ, «Харгӯшак»-и Гулниссо Ризвоншоева, «Баррача»-и Холбегим Давлатова, «Рӯд ва қатра»-и Нозирҷон Боҳирӣ ва ғайра ҳар хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб мекунад, теъдоди аъзои хурдсолаш ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад. Тавре Назира Толибова, мудири шуъбаи мазкур иттилоъ дод «Фонди умумии бахши кӯдакону наврасон 1700 ададро ташкил медиҳад, ки дар он китобу маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мавҷуданд. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна аз 50 то 250 нафар хонанда ба шуъбаи мо меоянд. Ман бениҳоят хурсандам, ки дар хонандагони мо ҳисси дарки масъулияти китобхонӣ зиёд шудааст. Махсус барои дархост намудани адабиёт ба китобхона меоянд, ки ин ҳам барои пешрафти ҷомеаи тозабунёду соҳибистиқлоли Тоҷикистон як комёбӣ мебошад».
Ба гуфтаи Назира Толибова, солҳои қаблӣ мутаассифона, китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ кам буданд. «Айни ҳол китобҳои кӯдакона аз ҷониби нашриёт бениҳоят хуб ва бо дизайни ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва дастраси хонандаи хурдсол гардидааст»,-афзуд ӯ.
Пас, хурдсолони гиромӣ, бихонед. Бигузор дар ҳаётатон рӯзе набошад, ки шумо саҳифаи китоби наверо нахонда монед.
Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"