Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни «Хонандаи беҳтарин ва Китобдори сол» эълон мекунад

«Хонандаи беҳтарин ва Китобдори сол»-таҳти чунин унвон Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни хонандагон ва кормандони Китобхона озмун эълон мекунад.

Тавре аз маркази матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр гузаронида мешавад, бахшида шуда, нафаре дар он ғолиб меояд, ки давоми соли 2018 бештар китобҳои бадеӣ қироат кардааст.

Ҳамзамон ин нафар бояд дар барномаҳои китобхона иштирок намуда, дорои дониши муаррифӣ намудани китоб бошад, нусхаи китобҳои муаррифишудаашро дошта бошад, дар муаррифии китобҳои Китобхона ширкат варзида, тавассути ахбори умум (маҷаллаву рӯзнома ва радиову телевизион) китобҳои Китобхонаро ба мардум муаррифӣ карда бошад.

Ҳамчунин дар озмун қироати шеър, асарҳои беҳтарин ва ҳикоя низ баҳогузорӣ мегардад.

Ҳадаф аз баргузории озмун тарғиб ва ташвиқи китоб, кори китобдорӣ, баланд бардоштани самаранокию сифати Китобхона ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз 25 июн то 20 августи соли равон дар назар дошта шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро тариқи телефони 2 21- 01 -75 ба даст оранд.

АМИТ "ХОВАР"