Китоби «Душанбе қалби Тоҷикистон» ба нашр расид

Душанбе қалби ТоҷикистонБахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашриёти «ЭР-граф» китоби  «Душанбе қалби Тоҷикистон» — ро  ба нашр расонид.

Китоби мазкур ба қалами Мирзоамин Мирсаидзода тааллуқ дошта, мушовири он Абдумаҷид Ҳакимзода ва муҳаррири масъул Бурҳониддин Каримзода мебошанд. Китоби тозанашр дастовардҳои шаҳрдории пойтахтро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки муаллифи китоби «Душанбе қалби Тоҷикистон»  собиқадори меҳнати пойтахт буда, дар вазифаҳои масъули Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст. Аз ин рӯ, кӯшиш  ба харҷ додааст, то  ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад.

Дар бахши «Истиқлолият ва эҳёи пойтахти тоҷикон»-и ин китоб  чунин  омадааст: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти азизамон — Душанбе ба куллӣ дигаргун гашт. Бунёди садҳо иншооти маъмурию маишӣ, фарҳангӣ варзишӣ, ба монанди Маҷмааи муҳташами Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи устод Рӯдакӣ, Сутуни Нишони давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон назир надорад, бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳаллаи «Диёри Душанбе», Чойхонаи нави миллӣ, меҳмонхонаҳои  панҷситорадори «Хаят  Реҷенсӣ» ва «Серена», маҷмааҳои «Душанбе-Плаза», «Пойтахт-80» ва садҳо иншооти дигар, хонаҳои зебою хушнамои замонавии истиқоматӣ ба Душанбе ҳусни нав ва зебогии дучанд зам намуд. Бо ин ҳама бунёдкориҳо Душанбе ба маркази бузурги илму фарҳанг мубаддал гардида, яке аз зеботарин пойтахтҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад».

Ҳамчунин дар китоб доир ба иқдомҳои созанда ва ниятҳои ободкоронаи Раиси шаҳр, андешаҳои ходимони давлатӣ, сиёсатмадорон, адибон ва рӯзноманигорон  оварда шудааст.

Дар китоби   мазкур  бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот дода шуда, он аз 216 саҳифа иборат мебошад.

АМИТ «Ховар»