Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 127 ҳазору 978 хонанда ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳазору 141 нафар зиёд аст. Тибқи иттилои муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, ба узвияти китобхона танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 7152 нафар пазируфта шудаанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди хонандагони ин даргоҳи маърифат 110 ҳазору 719 нафарро ташкил медиҳад.
Т. Маҳмудов гуфт, китобхона фаъолияташро аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ин тасмим- қонеъ намудани талаботи муштариён мебошад. Минбаъд хонандагон метавонанд аз хизматрасониҳои ин муассиса то соати 22-и шаб истифода намоянд.
Ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов, хонандагон бештар ба толори хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дохил мешаванд, ки барои онҳо дар ин толорҳо 87 ҳазору 909 адабиёт пешкаш шудааст.
Ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1 ҳазору 422 нафар хонанда аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки Китобхонаи миллӣ бо муосиртарин таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, ба хонандагон ҳамарӯза 15 соат хизмат мерасонад. Ҳамзамон дар китобхона курсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шавқмандон метавонанд ба омӯзиши забонҳои русӣ, хитоӣ, арабӣ ва олмонӣ фаро гирифта шаванд.
АМИТ "Ховар"