Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар иртибот ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

Дар табрикоту таманиёти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, чунин омадааст:

“Фаро расидани иди Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин чашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳавулоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.

Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа аст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои муқобила ба дӯстӣ даъват намояд; чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави итгиҳоду дӯстӣ бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, қи ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.

Аз Худованди мутаол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Точикистон орзу мекунам”.​

www.president.tj