Нимаи дуюми рӯзи 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо — тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки яке аз рамзҳои дигари наврӯзӣ — тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад. Пешвои миллат мардумро ба заҳмати содиқона бар нафъи ободию пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон ҳидоят намуданд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи мардуми кишварро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу барор орзу намуданд.
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.