Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат, эътимодномаҳои сафирони навтаъйини нуҳ давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Шоҳигарии Дания, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла, Ҷумҳурии Конго ва Ҷумҳурии Ганаро қабул намуданд.
Пас аз анҷоми маросими супоридани эътимодномаҳо сафирони давлатҳои хориҷӣ дар ҳузури хабарнигорон бо изҳороти матбуотӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла, зимни нишасти матбуотӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин таъкид намуд, ки «Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Аз рӯзҳои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон муносибатҳои ду давлат ҳамгироиҳои мутақобилан судамндро бархурдоранд. Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона бо Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳад. Ҳамкории Чин бо Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ», ки ҳадаф аз он ба ҳам овардани инфрасохтор ва рушди иқтисоди саросарӣ мебошад, хуб ба роҳ монда шудааст. Давлатҳои мо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва ғайра ҳамкории зиҷ доранд. Ба ҳайси Сафири Чин дар Тоҷикистон баҳри густариши ҳамкории минбаъда саъю кӯшиш хоҳам кард».
Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм таъкид намуд, ки «Ман хушҳол аз он ҳастам, ки дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон ба ҳайси Сафир таъйин шудаам. Аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳолам. Мехоҳам баҳри таҳкиму густариш ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии Америка бо Тоҷикистон талошҳои арзанда варзам. Яке аз рисолатҳои калидӣ ва афзалияти сафирии ман таҳкими соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти сарҳадот хоҳад буд. Ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, мантақавӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳадафҳои дигари фаъолияти ман мебошанд. Ин ҳамгироӣ танҳо баҳри сулҳу субот ва пешрафти мардумони ҳарду кишвар равона хоҳад шуд. Терроризми глобалӣ имрӯз яке аз чолишҳои хатарноки аср боқӣ мемонад ва мо метавонем дар ҳамгироӣ ва мушорикати якҷоя бар зидди ин зуҳурот мубориза барем».
Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки «бисёр хушнудам, ки ба ҳайси Сафири Эрон дар кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг — Тоҷикистон ба кор оғоз мекунам. Ҳадаф аз маъмурияти ман густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории бисёрҷабҳа аст. Мо дар оғози даври ҷадиди муносибати ду кишвар қарор дорем. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалин кишварҳое буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафоратхонаи худро дар Душанбе боз намуд. Ҳамчун Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи ҷадид омодаи ҳамкорӣ бо тамоми бахшҳо ҳастам».
Cафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд зимни нишасти матбуотӣ аз муносибатҳои Шоҳигарии Дания ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «ҳамчун сафири Шоҳигарии Дания дар Тоҷикистон эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоридам. Имрӯз муносибатҳои байни ду кишвар хислати гуногунарса дошта, чӣ дар арсаи робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври муваффақ сурат мегиранд. Шоҳигарии Дания ҳамчун кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла дар доираи барномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории зич ва судманд дорад».
Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид таъкид намуд, ки «Шри Ланка ва Тоҷикистон аз рӯзи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ беш аз 20 сол муқаддам равобити ҳасана ва ҳамкории муфид доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сафирон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро яке аз мавзӯъҳо ва самтҳои калидии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод карданд. Иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Кофронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баргузор мегардад. Ҷониби Шри Ланка омода аст дар ҳайати сатҳи баланд дар ин Конфронс иштирок намуда, оид ба таҷрибаи бойи худ дар мубориза бо терроризм табодули назар намояд».
Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла омода аст ҳамкории дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бо такя ба арзишҳои олии мардумони ҳарду кишвар амалӣ намояд. Мо хостори табодули доимии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».
Бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сафирони навтаъйин таъкид намуданд, ки «рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа, минтақаи Осиё ва Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо, қитъаҳои Америкаи Ҷанубӣ ва Африка андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйин бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд».
АМИТ «Ховар»