Суханронии Пешвои миллат дар ҷашни Наврӯз

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, тамоми  мардуми кишварамон, сокинони сарбаланди пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам  аст.
Хусусан, дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд.  Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад. 
Ҳозирини гиромӣ!
Пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо шаҳри Душанбе имрӯз либоси идона ба бар карда, сокинони он барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ойини аҷдодиамон омодагӣ гирифтаанд.
Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ  то имрӯз дар шаҳри Душанбе корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад. 
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳанӯз барои ободии бештару беҳтари шаҳр ва сазовори пойтахти давлати соҳибистиқлол гардонидани он заҳмати зиёд кашидан зарур аст.
Барои ин, пеш аз ҳама, ҳар як сокини шаҳр бояд кӯшиш намояд, ки барои ободии он саҳми худро гузорад, маҳалли зист ва кору таҳсили худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Ин қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи сокинони пойтахт ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахтамон имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд аз ин имкониятҳо самараноку сарфакорона истифода барем ва шаҳрамонро ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.
Илова бар ин, зарур аст, ки дар ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Хотирнишон менамоям, ки сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида,  инчунин намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад.
Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати шаҳри Душанбе ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо ва ба пойтахти дар ҳақиқат пешрафтаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардонидани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.
Бори дигар кулли сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон ва ҳамаи шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор мехоҳам.
Наврӯзатон муборак!

www.president.tj