Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар мегӯяд, ки бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳии Тоҷикистон, дар қисматҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Дарвоз дар шабонарӯзи гузашта чанд ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи фуруд омадани тарма аз 54 то 71 километраи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳо мутаваққиф гардид.
Гуфта мешавад, барои тоза кардани роҳи мошингард ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду ҷониб сафарбар карда, ситодҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
“Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳо ва манотиқи хатарноки тармахез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари лағзиши тарма дар ин роҳҳо ҳамоно зиёд аст,- меафзояд сарчашма.
Ёдрас мешавем,ки охирҳои моҳи гузашта зимни боришоти зиёд дар баландкуҳҳо тармафароӣ ба амал омада, роҳҳои мошингардро тайи якчанд рӯз баста буд. Ва дар натиҷаи тармафароӣ ва садамаҳои нақлиётӣ тайи ин рӯзҳо зиёда аз 10 нафар ҷони худро аз даст доданд.