Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва бахусус дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфтаи сокинони куҳансоли ин манотиқ чунин барфрезии шадид ва сардии беш аз ҳадди интизор дар ин 20 ва 30 соли гузашта собиқа надошт.
Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд то 20-уми феврали соли 2017 дар навоҳии ВМКБ, куҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфти лағзиши тарма ҳифз мешавад ва сафар дар ин роҳову минтақаҳо хатарнок аст.
Бар асари лағзиши бештар аз 80 тарма дар ин рӯзҳо 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира монданд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Барои ташкили корҳои интиқоли мошинҳо ва одамон ба манотиқи амн Ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72 роҳи Душанбе-Айнӣ созмон дода шуда буд, ки ба он муовини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сарварӣ мекунанд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 17 то 20-уми феврал 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.
Барои тоза кардани роҳҳо ширкати роҳи Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо кардааст.
Дар маҳалҳои тармарез барои таъмини амнияти шаҳрвандон аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS постгоҳҳои иловагӣ ташкил карда шудааст.
Вазъи хеле ногувору пуршиддат дар роҳи мошингарди Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши санг ва лағзиши тарма ин роҳ комилан баста шудааст. Ситодҳои бартарафсзии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии Раиси вилоят шабонабарӯз кор мекунанд.
Хатари лағзиши тарма боз 5-8 рӯзи дигар давом мекунад. Агар барои Шумо ҳаёти худ ва наздиконатон арзиш дорад, пас эҳтиёт кунед ва онро дар хатар наяндозед!
Манба: КҲФ Тоҷикистон