Тоҷикистон ва Сингапур имконияти густариши ҳамкориро дар бахши иқтисоду сармоягузорӣ баррасӣ карданд

ТВТ. 02.07.2022. Дар Лиссабон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус 30 июн мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Шараф Шерализода бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур доктор Вивиан Балакришнан баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Сингапур ва имконияти густариши он, бахусус дар самти иқтисоду сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардида, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об низ матраҳ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: