Дар шаҳри Конибодом нахустин фестивали байналмилалии «Шашмақом» доир мешавад

Аз 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бори нахуст Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, фестивал бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон- шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Конибодом гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Ўзбекистон даъват шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзўи «Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият» доир мегардад.

АМИТ "Ховар"