15-16 октябри соли 2016 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди Меҳргон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Академияи илмҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.
Дар мавзеи «Деҳаи шарқӣ» ва амфитеатри «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва кишоварзӣ доир гардида, ҳамчунин барномаҳои рангини консертӣ дар назар дошта шудаанд.
Дар барномаи консертӣ Хурсандмурод Зарипов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ансамбли «Садои шарқ» ва Оркестри эстрадии «Гулшан» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таҷлили Меҳргон, ки ҷашни таърихии тоҷикон аст, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ ва эҳёи хусусиятҳои хоси суннатҳои миллӣ доир карда мешавад.
АМИТ «Ховар»