Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикисуғурта» дар баробари татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи давлатӣ, инчунин дар амалӣ намудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳдошти ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаку дастгириҳои моддии сокинони кишвар дар ҳолатҳои номусоид равона гардидаанд, бо дарки масъулияти баланд муносибат менамояд. Корхона ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки 12-14 майи соли 2016 ба вуқӯъ омад, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ёрии молиявӣ расонид. Дар ин бора Аловиддин Сатторӣ, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ба ғайр аз ин КВД «Тоҷиксуғурта» мувофиқи шартномаҳои суғуртавӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ашт, Айнӣ, Нуробод, Шаҳристон, Файзобод, Варзоб, Дарвоз, Рашт ва шаҳри Ваҳдат кумакҳои пулӣ пардохт намуда, аз ҳисоби фоидаи софи филиалҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба аҳолии аз офатҳои табии зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мазкур маводи ғизоӣ дастрас намуд»,-иброз дошт Аловиддин Сатторӣ.
АМИТ «Ховар»