Вазорати тандурустӣ: Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ хатар дорад

Бо фарорасии фасли сармо бемориҳои роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ ва зуком авҷ гирифта, мардум барои муолиҷа ба назди духтур неву сӯи дорухона мераванд. Дар дорухона, пеш аз ҳама, ба беморон доруҳои зиддимикробӣ ё худ антибиотик тавсия медиҳанд. Имрўз мутобиқат ба доруҳои зиддимикробӣ (антибиотикҳо) дар ҷаҳон ба як хатари ҷиддӣ табдил ёфта, он метавонад ба вазъи солимии аҳли башар таҳдид намояд. Ин нуктаро намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар гузориши худ изҳор намуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 28 ноябри 2016 дар тамоми ҷаҳон ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ таҷлил карда шуд. Аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт саҳми худро гузоранд.
Тибқи маълумоти намояндагони ТУТ дар Аврупо сироятҳои пайдошуда дар муассисаҳои тандурустӣ сабаби 16 миллион рўзи иловагии бистаришавии беморон гардидаанд. Ин ҳолат боиси фавти 37 ҳазор нафар гардидааст. Маҳз бар асари чунин сироятҳо 110 ҳазор фавти иловагӣ (дар як сол) ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа зарари молиявии ин паёмад зиёд гардида, хароҷоти солонаи он тақрибан 7 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Паст будани сатҳи назорат ва тадбирандешӣ вобаста ба пешгирии доруҳои зиддимикробӣ, инчунин истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёди онҳо боиси зиёд гардидани таҳдиду хатар гаштааст.
Тавре ки мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки оид ба зиёдшавии таҳдиди устувории доруҳои зиддимикробӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳо гузаронанд.
Дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо доруҳои зиддимикробиро бештар берун аз муассисаҳои табобатию пешгирикунанда барои табобати бемориҳои рўда, роҳҳои нафас, низоми пешоб ва ғайра истифода мебаранд. Истифодаи зиёди онҳо аксар вақт аз тарафи кормандони миёнаи тибби марказҳои «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» (КАТС) ва табибони оилавӣ таъйин карда мешавад. Мутаассифона, дар баъзе минтақаҳои кишвар беморон бе машварати табиб антибиотикҳоро харидорӣ намуда, ихтиёран истифода мебаранд.
Устувории микроорганизмҳо бо доруҳои зиддимикробӣ на танҳо ба саломатии мардуми кишвари мо зарар дорад, балки ба сокинони дигар кишварҳо низ таҳдид менамояд. Танҳо дар се соли охир барои тасдиқ ба озмоишгоҳи бактериологии ХДНСЭ аз минтақаҳо 1569 намунаи антибиотикҳо ворид карда шудаанд.
Ҳамаи намунаҳо барои ҳассосият бо доруҳои зиддимикробӣ аз озмоишгоҳ гузаштаанд. Намунаи Shigella тасдиқ ба левомитсетин, гентамитсин, сипрофлаксатсину фуразолидон ҳассос ва ба ампитсиллину бисептол устувор мебошад.
Намунаҳои Proteus, Klebsiella, Salmonella, Enterobacter, Citrobacter, Citrobacter ҳассосияти суст ба полимиксин, гентамисин, хлорамфеникол дошта, ба доруҳои ампитсиллин, бисептол, сипрофлоксатсин, фуразолидон, тетратсиклин, доксотсикллин ва сефолитин устувор буданд.
Барои пешгирии паҳншавии устувории доруҳо мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тавсия медиҳанд, ки тадбирҳои пешгирӣ ва назорати сироят, махсусан дар беморхонаҳо барои паст кардани сатҳи паҳншавии бактерияҳои устувор мусоидат менамояд. Назорати сироятҳо дар муассисаҳои КАТС ҳатмист. Инчунин пешгирии сироятҳо дар байни гурўҳҳои махсуси аҳолӣ, масалан, дар хонаҳои пиронсолон ва марказҳои рўзона барои нигоҳубини кўдакон зарурати талаботи доруҳои зиддимикробиро паст менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: