Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон иштирок намуд

21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Канслери Ҷумҳурии Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби Намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ С.Муҳриддин ба ҳозирин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо толибон на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Зимнан аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: