Муносибатҳои Тоҷикистон ва Марокаш таҳким меёбанд

10 апрели соли равон дар шаҳри Работ Хусрав Нозирӣ нусхаи эътиборномаи худро ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Марокаш ба Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш Муҳаммад Алӣ ал-Азрақ супорид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коҳира хабар доданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Марокаш дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардид.

АМИТ "Ховар"

Tags: