Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дидори наслҳо» мулоқоти варзишгарони ҷавону муваффақ бо собиқадорони соҳа доир гардид.
Зимни мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки имрӯз варзиш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ва муаррифи миллати тоҷик ба шумор меравад.
Ҳоло тамоми шароити маишиву тамринӣ ва фароғатӣ барои варзишгарони ҷавон муҳайё карда шудааст. То ҷавонон аз он бархурдор шуда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Ба ибрози номбурда, агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 28 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5 ҳазор расидааст, ки ин 40 маротиба зиёд мебошад.
«Ҳоло баҳри тамрини варзишгарон ҳудуди 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд. Танҳо давоми ду соли охир ба истифода додани беш аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи варзиш дарак медиҳад»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар шаш моҳ дар 65 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 231 медал ба даст оварданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 адад зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»