Дар Агентии омор доир ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ (КМИР) мулоқоти судманд доир гардид.

Хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, сухан гуфта, нақши овози ҳар як овоздиҳандаро дар интихоботи дар пешистода муҳим арзёбӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 комиссияи ҳавзавии интихобот таъсис дода шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ танзим карда мешавад ва маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодмон  Шокирзода, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода, коршиносони КМИР Некрӯз Қодиров, Исмоил Шарифов, Комрон Давлатзода ва кормандони агентии мазкур иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: