Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 22 декабри соли 2017 ирсол гардид, силсилавохӯриҳо идома доранд.
Дар меҳвари суҳбату вохӯриҳо муҳимтарин нуктаҳои Паём, аз ҷумла, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, зарурати эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вазъи воқеии ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, тавсеаи фаъолияти дорусозӣ қарор гирифтаанд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, чунин силсилавохӯриҳо аз оғози соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия ҷараён доранд.
Ҳафтаи гузашта чунин вохӯрӣ дар толори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Абдуалимов, Л. Раҷабова ва Г. Пирова сурат гирифт. Дар мулоқотҳо аъзои гурӯҳи таблиғотию ташвиқотӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳуриро шарҳу эзоҳ доданд.
Ба иттилои манбаъ, тӯли ҳафта ҳамин гуна вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ доир ба шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Душанбе доир гардиданд.
Дар назар аст, ки силсилавохӯриҳо то 17 январи соли равон идома ёбанд.
АМИТ "Ховар"