Миёни Тоҷикистон ва Франсия даври чоруми машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид

12 январ даври чоруми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистонро иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Фирдавс Усмонов ва ҳайати Франсияро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд.

Дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Табодули афкори судманд дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: