Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин иртибот сарони ду давлати дӯст ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъйю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти самимию некашро иброз дошт.