Таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ

«Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси маркази мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет буда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад. Дар айни замон маркази мазкур ба кори худ оғоз намуда, барои ба роҳ мондани дигар самтҳо корҳои дахлдор идома доранд»,- зикр шуд имрӯз аз ҷониби масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абураҳмонзода, Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ барои таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет ба роҳ монда шуда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми имкониятҳо сафарбар карда шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: