18 марти соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Ирам» -и пойтахт фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷўён баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷўён бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, аз соати 10 то 12 баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар»