Миёни сокинони ноҳияи Шоҳмансур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

12 август миёни сокинони маҳаллаҳои Роҳи нав, Гастелло, Улуғбек ва Афзалии ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо ташаббуси  гурӯҳи таблиғотӣ  оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткориву бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ҳамоиш бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони  сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби сокинон, тайёрӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар пойтахт гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо  сокинони шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир намуда,  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ  медиҳанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонад.

Бо қарори  Раиси шаҳр  ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ва нақшаи вохӯриҳои он дар  пойтахт  тасдиқ гардид. Рустами Эмомалӣ  сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои  пойтахт, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо  вазифадор намудааст, ки  вохӯриҳои мазкурро  дар сатҳи баланд  ва  тибқи тартиби муқарраргардида  доир намоянд.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ муваззаф гардидааст, ки  ба ин  мулоқоту суҳбатҳо  олимону коршиносони соҳаро ҷалб намоянд, то моҳияти масъалаҳои зикршударо бо аҳолии  пойтахт ба таври возеҳ  фаҳмонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: