Имсол кишоварзони мамлакат 1 млн 282 ҳазору 836 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93 ҳазору 596 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 32,9 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Имсол кишоварзони мамлакат дар майдони 389 ҳазору 546 гектар кишти ғалладонагӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 5799 гектар зиёд мебошад.
То аввали моҳи ноябр дар мамлакат 847 ҳазору 417 тонна гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ҳазору 703 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони мамлакат имсол дар майдони 268 ҳазору 374 гектар кишти гандум гузарониданд.
АМИТ «Ховар»