Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки ҳаққи иштирокро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионгати ҷаҳон оид ба футбол ба даст овард, омодагиро ба ин мусобиқаи бонуфуз шурӯъ мекунад. Тоҷикистониён дар дар ин самт аз 20-тум то 28-уми январи соли оянда дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус, дар 15-умин мусобиқаи байналмилалӣ байни наврасон бо номи «Ҷоми истеъдод-2019» ширкат меварзанд.
Дар мусобиқаи мазкур 12 даста ширкат менамояд. Ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дастаҳои мунтахаби наврасони Белорус, Белгия, Булғория, Гурҷистон, Исроил, Исландия, Литва, Молдова, Словакия, Украина ва Финляндия барои ҷоиза мубориза мебаранд. Шаш даста, аз қабили Белорус, Белгия, Словакия, Исроил, Исландия ва Украина дар мавсими футболи соли 2018/2019 ҳаққи ширкатро дар бозиҳои финалии Чемпионати Аврупо байни наврасони то 17-сола ба даст овардаанд.
Дар натиҷаи қуракашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба гурӯҳи «А» шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Белорус, Белгия ва Финландия қувва месанҷад.
Гурӯҳи «В» аз дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон ва гурӯҳи «С» аз дастаҳои мунтахаби Украина, Словакия, Булғория ва Литва таркиб ёфт.
Тибқи низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтарини зинаи дуввум муборизаро барои ҷоиза идома медиҳанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои байниҳамдигарӣ тартиби ҷойгиршавии худро дар ин мусобиқа муайян менамоянд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толорҳои болопӯшида гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»