ҲАФТАИ ҶАҲОНИИ КАЙҲОН: дар расадхонаҳои «Ҳисор» ва «Санглох» экскурсияҳо доир карда мешаванд

Ҳамасола дар тамоми олам аз 4 то 10 октябрро ҳамчун Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон таҷлил мекунанд. Бахшида ба ин ҳафта Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 4 то 10 октябр дар расадхонаҳои астрономии «Ҳисор» ва «Санглох» экскурсияҳо доир намояд. Дар ин экскурсияҳо мактаббачагон, донишҷӯён, дӯстдорони илми астрономия ва сокинони шаҳри Душанбе метавонанд иштирок намоянд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, доктори илмҳои математика ва физика Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

Ба зикри номбурда, «тӯли ин ҳафта дар расадхонаи «Санглох» мушоҳидаи объектҳои кайҳонии гурӯҳи Кентавр гузаронида мешавад, ки ин ҷирмҳои ғайриоддӣ барои омӯзиши фазои кайҳонии наздик хеле муҳим ба шумор мераванд. Ҳангоми экскурсияҳо олимони Институт оид ба масъалаҳои умумии кайҳон ва астрономия маълумоти илмию оммавӣ пешниҳод менамоянд. Мо тасмим гирифтаем, ки тӯли ин ҳафта таваҷҷуҳи ҷавононро ба кайҳон ва муаммоҳои имрӯзаи инсоният ҷалб намоем».

Мавриди зикр аст, ки омӯзиши кайҳон аз замонҳои қадим диққати олимонро ба худ мекашид. Вале ба таври илмӣ ва комил таваҷҷуҳ кардан ба ин омӯзиш аз нимаи дуввуми асри 20 оғоз шуд. 4 октябри соли  1957 бори аввал  аз космодроми Байконур (Қазоқистон)   моҳвора-1 ба фазо партов шуд ва 12 апрели соли 1961 Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард.

Юрий Гагарин халабон буд ва аввалин киштии кайҳониро ҳам ӯ идора кард. Аммо солҳои баъд ба кайҳон одамони касбу кори гуногун ҳам парвоз карданд. Дар натиҷаи заҳматҳои кайҳоннавардон дар замони муосир ҳатто сайёҳон ҳам ба фазо парвоз карда истодаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона марказе мебошад, ки дар он ба тадқиқоти фазои кайҳонии наздизаминӣ машғул ҳастанд. Барои ин дар Институт асосҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ мавҷуданд. Ба онҳо Расадхонаи астрономии «Ҳисор», Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» ва бахши он – расадхонаи «Шорбулоқ» дар Помир дохил мешаванд.

Бино ба гуфтаи Гулчеҳра Қоҳирова, солҳои охир дар Институт ҳамкории байналмилалӣ густариш ёфта, дастовардҳои Институт дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гашта истодааст. Соли 2018 олимони тоҷик якҷоя бо олимони Словакия, Россия, Украина, Арманистон, Чин дар расадхонаҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳо гузаронида, аз рӯи натиҷаҳо мақолаҳои муштарак нашр менамоянд.

«Якҷоягии илм бо техника дар асри ХХI ба инқилоби илмӣ-техникӣ оварда расонид, ки он омили асосии инкишофи инсоният мебошад. Моҳвораҳо ва киштиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла табиатшиносӣ, ҳарбӣ ва пешгӯии илми муосир оид ба илми кайҳон  саҳми бузург гузошта истодаанд. Инкишофи илм кори байналхалқӣ мебошад, барои ба натиҷаҳои баланд соҳиб шудан тадқиқоти якҷояи олимони мамлакатҳои гуногун зарур аст»,-зикр кард директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, доктори илмҳои математика ва физика Гулчеҳра Қоҳирова.

Олимони Институти астрофизикаи АИ ҶТ ва Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия дар Расадхонаи «Шорбулоқ» дар Помири Шарқӣ

Кормандони Институти астрофизикаи АИ ҶТ бо олимон аз Россия, Словакия, Украина ва Ҳиндустон дар Расадхонаи «Шорбулоқ» дар Помири Шарқӣ

Мушоҳидаҳои муштарак бо олим аз Словакия дар Расадхонаи «Санглох»

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Tags: