Корманди бахши муҳофизаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб Саюмарс Гулмадов ҳангоми наҷоти одамон дар мавзеи Майхураи ин ноҳия зери тарма монда, ҳалок гардид.
Дар хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ гуфта мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти наҷотдиҳии одамон аз зери тарма охири ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд старшина Саюмарс Гулмадов худ зери тарма монда ҳалок гардид.
Маркази матбуоти ВКД нақли шоҳиди ин воқеа, яке аз ҳамкорони Саюмарс, сержанти калони милитсия Алишер Раҳимзодаро овардааст, ки дар он гуфта мешавад:
«Дар минтақаи хизматӣ қарор доштам. Як нафар ба наздам омада, аз фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар дод. Ба ҳамкоронам Саюмарсу Лоиқ, ки барои наҷоти одамон ба мавзеи мазкур рафта буданд, занг задам. Аз он ҷониб садое наомад. Хавотир шудам, ба худ гуфтам, ба инҳо чӣ шуда бошад? Дар сар сад фикру хаёл ба мавзеи тармафароӣ рафтам. Ҳамкоронамро наёфтам, баланд садо кардам. Чанд бор, такрор ба такрор. Ногоҳ як садои пасте аз сӯйи дарё ба гӯш расид. Саросемавор ба поён раҳсипор гаштам. Лоиқро дар ҳолати тарсу ҳарос ва ҳаяҷонзада ёфтам. Баъдан огоҳ шудам, ки ҳангоми хизмат чун онҳо мебинанд, ки тарма чанд нафар сокинонро ба коми худ фурӯ бурд, дарҳол аз пайи наҷоти шаҳрвандон шитофтанд. Ҳамин тавр, кормандони милитсия 4 нафар сокинонро аз зери барфтӯдаҳо берун, ба ҷойи бехавф бароварда, аз марг наҷот доданд ва вақте хостанд бори дуюм ба зарардидагони дигар ёрӣ расонанд, худ зери тарма монданд. Тӯдаи барфе, ки сержанти калони милитсия Лоиқи Файзалӣ дар он дармонда буд, ба сӯйи дарё лағжид ва хушбахтона, дарё барфтӯдаро об намуд ва Лоиқ аз марг наҷот ёфт, вале мутаассифона, дар ин ҳодиса ҷони ҷавони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов аз даст рафт. Ҷисми беҷони зери тарма мондаи ӯро 31-уми январ, аз лаби дарёи Майхура, ки аз роҳи калони мошингузар тахминан 750 метр дур аст, пайдо кардем».
Тавре командири взводи ШКД-и ноҳияи Варзоб, майори милитсия Қиёбек Имомёрбеков иброз дошт, баъди огоҳӣ пайдо кардан онҳо ҳамроҳи роҳбарияти шуъба ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. «Роҳ аллакай баста буд, — мегӯяд ӯ.- мо пиёда ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кумаку дастгирии аҳолӣ 8 нафарро аз марг наҷот додем…».
Мавриди зикр аст, ки старшинаи милитсия марҳум Саюмарс Гулмадови 22-сола баъди адои хизмати ҳарбӣ моҳи марти соли 2016 ҳамроҳи бародараш Каюмарс ба ҳайси корманди ШКД-и ноҳияи Варзоб ба кор шуруъ намуда буданд. Аз суҳбат бо ҳамкорони Саюмарс аён гардид, ки ӯ ҷавони хушрафтор, хушмуомила, ботамкин ва дар муносибат ба кор бисёр ҷиддӣ буд ва супоришҳои роҳбариятро сари вақт иҷро мекард. Ӯ дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву беҳтарин хислатҳои инсониро доро, барои дигар ҳамкорон намунаи ибрат ва ҷисману рӯҳан обутобёфта буд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони Саюмарс Гулмадов, ки шуҷоату далерӣ нишон дода, дар роҳи наҷоти дигарон ҷони худро аз даст додаст, ҳамдардии амиқ изҳор намуданд ва ҷасорату мардонагии корманди худро мояи ифтихори тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.
АМИТ «Ховар»