Масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандон дар меҳвари Паём қарор гирифтаанд

Дирӯз гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагон Анвар Тағоймуродов,  раиси  шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода ва сохторҳои марбута   дар Кохи фарҳанги шаҳри Сарбанд  бо мардуми ин минтақа вохӯрӣ баргузор намуд.

Қабл аз оғози ҷамъомад бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби наврасон ва ҷавонон намоиши ҳунарҳои дастӣ пешниҳод гардонида шуд.

«Боиси фараҳмандист, ки  бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.  Маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Сарвари давлат  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захира ва имкониятҳои соҳаи сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои он ҳамчун давлати осоишта  ва меҳмонннавоз дар бозори ҷаҳониии соҳавӣ сол то сол  устувортар мегардад»,-иброз дошт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар мулоқот намояндагони сохторҳои гуногун ба сухан баромада, нуктаҳои асосии Паёмро вобаста ба соҳаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ шарҳ доданд.  Зикр гардид, ки таҳлили мазмуни  умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба қишри ҷомеа қарор гирифтаанд. Паём  бори дигар дидгоҳи мардумсолор  ва  сиёсати  халқпарвару инсонмеҳвари  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра ифода ва инъикос менамояд.

Вохӯрӣ ва суҳбатҳо  то 17 январи соли равон дар минтақаҳои дигари шаҳри Сарбанд идома меёбанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: