Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати ҳамаи шаҳрвандон, меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мерасонад, ки бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ба паради ҳарбӣ дар майдони Дӯстии пойтахт шурӯъ аз 19 октябр ҳамарӯза аз соати 18:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ- Бухоро, Шероз, Ҷ.Икромӣ, Рӯдакӣ-Шоҳтемур, Бохтар-Теҳрон, Теҳрон-Шероз ва Рӯдакӣ-Фотеҳ Ниёзӣ то анҷоми он муваққатан маҳдуд карда шудааст, ки он то 30 октябри соли равон идома меёбад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Мирзохон Саидов хабар дод.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои Айнӣ, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, М. Турсунзода, Дӯстии халқҳо ва дигар кӯчаҳои ба ин минтақаҳои роҳ ҳамшафат бо риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ истифода баранд.
АМИТ «Ховар»