Агентии обуҳавошиносӣ: «Рӯзҳои наздик ҳавои бебориш ва на он қадар гарм дар назар аст»

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, аз  4 то 7 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то 42 дараҷа хоҳад расид.
Дар ноҳияҳои минтақаи шимолӣ низ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад ва ҳаво то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Имрӯз, 3 август ҳавошиносон дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ менамоянд.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона ба 19-24, рӯзона ба 35-40 дараҷа ва дар вилояти Суғд шабона ба 18-24, рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шуда, ҳаво  шабона 17-19, рӯзона 36- 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво  шабона 16-21, рӯзона то 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 29-34; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: