Калонтарин намунаи ангораи «Наврӯз-2019» дар саҳни ҳавлии Агентии «Тоҷикстандарт» насб гардид

Наврӯз-2019Калонтарин намунаи Ангораи «Наврӯз-2019» дар саҳни ҳавлии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») насб гардид. Ба ин хотир дар ин ниҳод бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои гуногуни идона ташкил карда шуд.

Намунаи Ангораи азим намуди доирашакл дошта, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» инъикос ёфтаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки зимни суханронӣ директори Агентӣ Қудрат Давлатзода ҳозиринро бо иди зебои табиат-ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт. Номбурда оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар шуда, ҳамаи онро аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷашни Наврӯзи пурфайзро бо мазмуни баланду ифтихори миллӣ сарбаландонаву ифтихормандона истиқбол мегирем. Ин иди миллӣ мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи нек, маърифати воло ва рӯзгори обод ҳидоят менамояд. Имрӯз фурсате расидааст, ки ҳамагон барои рушди устувори иқтисодиёт, ободии мамлакат, амнияти пойдор, зиндагии шоиста ва ҷомеаи тараққикардаю мутамаддин софдилона ва фидокорона меҳнат намоем.

Бахшида ба ҷашни Наврӯз миёни раёсатҳои Агентӣ озмуни «гӯшаи наврӯзӣ», ки аз нуҳ шарт иборат буд, эълон шуд. Дар «гӯшаи наврӯзӣ» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ташкил карда шуд. Дар он ҳунарҳои мардумии маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон нишон дода шуданд. Ҳар як раёсат либосҳои гуногуни миллӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва хӯрокҳои миллиро дар сатҳи баланд пешкаш карданд. Ин ҷо бештар маҳсули дастранҷе пешниҳод шуд, ки аз таърихи тоҷикон ва урфу одати қадимӣ бозгӯӣ мекард.

Сипас гурӯҳи корӣ аз ҷараёни  намоиши анвои хӯрокҳои миллӣ, либос, гулдӯзӣ, ҳунарҳои халқӣ ва гӯшаи наврӯзии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дидан намуд. Ҳамаи намоишҳо сазовори баҳои баланди аъзои комиссия буданд. Зеро намоиши мазкурро бо маҳорати баланд пешкаш карданд. Ҳар як раёсат сайъ кард, ки намоиши худро мувофиқи матлаб пешкаш намояд. Илова бар ин, ҳангоми дидани намоиши ҳар як раёсат он ҷо суруду мусиқӣ, рақс ва анъанаҳои гуногуни маҳаллаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нишон дода мешуд. Махсусан баргузории тӯйҳои арусӣ ва дастурхони идонаи мардум бо маҳорати баланд пешкаш гардид. Гурӯҳи корӣ бо дидани намоишҳои номбурда ба онҳо баҳои сазовор дод.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони шинохта ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ хотирмон баргузор гардид.

Дар охири барномаи наврӯзӣ як гурӯҳ кормандони Агентӣ барои фаъолияти пурсамар бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»