Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз, 19 март, соати 10:00, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистоннамоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, аз Наврӯзи соли 2018 то Наврӯзи соли 2019 3231 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхона харид шудаанд. 763 адади он аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун ба Осорхона эҳдо гардида, 1436 адади он ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» то 2 апрел идома меёбад.
АМИТ «Ховар»