24 сентябр дастаи ҳунарии овозхони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки бо даъвати ҷониби туркӣ ба Туркия ташриф оварда буд, дар Ҷашнвораи байналмилалии 16-уми мусиқии орифона ба бузургдошти солгарди 812 — уми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳунарнамоӣ кард. Дар зимн намунаҳои барҷастаи ашъори Мавлоно пешкаши ҳозирин карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҷашнвора бо ибтикори устондори Кунияи Ҷумҳурии Туркия 22-30 сентябр дар он шаҳр баргузор мешавад.
Бар асоси барномаи ҷашнвора як рӯзи он барои ҳунарнамоии дастаи ҳунарӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда буд. Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии мамлакат аз истиқболи тамошобинон бархӯрдор гардид.
АМИТ «Ховар»