Дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тағйироти кадрӣ ба амал омад

Имрӯз дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоишҳои Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентӣ тағйироти кадрӣ ба амал омаданд.
Ба иттилои маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ, полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ, полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъйин карда шуда, полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд.
Директори Агентӣ генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: