7 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуд.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои самимӣ ва дӯстонаи хос барои муносибатҳои сарони ду давлат гузашт, Эмомалӣ Раҳмон Президенти давлати Русияро бо таманниёти беҳтарин ва самимият бо зодрӯзаш табрик намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузи баланди Владимир Путинро дар дохили Русия ва берун аз он таъкид намуда, нақши барҷастаи ӯро дар рушди рӯзафзуни муносибатҳои наздики дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти мақсадноки муштарак дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯи ҳадафҳои бунёдии мардумони ду кишвар буда, омили суботу амнияти минтақавӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"