Ғолибони даври аввали озмуни «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» муайян ва қадрдонӣ шуданд

Имрӯз ғолибони даври аввали Озмуни «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ», ки аз 20 ноябри соли 2019 то 5 сентябри соли 2020 идома ёфт, муайян ва мукофотонида шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ эълон гардидааст.

Қабл аз оғози маросим муовини аввали директори АМИТ «Ховар» Рухсора Нурзода ва муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ғолибонро барои сарфароз шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ муборакбод намуданд. Ҳамзамон онҳоро даъват карданд, ки дар даври минбаъдаи озмун фаъолона иштирок намоянд.

Бо қарори ҳайати ҳакамони озмун шахсони зерин ғолибони даври аввал эълон шуда, сазовори диплому мукофотҳои АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ гардиданд:

  1. Ҷойи ифтихорӣ барои мақолаи «Мехоҳам бори дигар онҷо бошам: фаротар аз роҳҳои ҳамвори Тоҷикистон» ба муаллиф,  ҷаҳонгарди аврупоӣ хонум Софи Робертс, ки хотироти ҷолиби хешро доир ба ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон дар сомонаи рўзномаи байналмилалии  «Financial Times» («Файнаншл Таймс») нашр кардааст, сазовор дониста шуд;
  2. Ҷойи якумро муаллифи мақолаи «Саёҳат ба маконҳои зиёратӣ» — мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Шонасурдинов соҳиб гардид. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад ба рушди соҳа ва иқтисоди миллӣ таъсири амиқ гузорад.
  3. Ҷойи дуюм ба муаллифи мақолаи «Тоҷикистон – маъвои кӯлҳову рӯдҳову обшорон. Ва ё Падидаву шоҳкориҳои беназири табиат дар сарзамини мо» Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд;
  4. Елена Батенкова, муҳаррири бахши русии АМИТ «Ховар» соҳиби ҷойи сеюм барои мақолаи «Памирский дом: что мы знаем о нем?» гардид.

Дар фарҷом ғолибон сухан ронда, барои ташкили чунин озмун бо изҳори сипос иброз доштанд, ки дар оянда низ маводи ҷолиби худро  ба озмун ирсол медоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақсади озмун – тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз мамлакати соҳибистиқлоли хеш, ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба сарзамини Тоҷикистон,  муаррифии боигариҳои табиӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, урфу одат ва анъанаҳои мардуми он тавассути очеркҳо ва мақолаҳои публисистии дорои мазмуну моҳияти баланд мебошад.

Даври ниҳоии озмун дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2021 ҷамъбаст мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: