Дар вилояти Хатлон аввалин Форуми заноне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд, доир мешавад

10 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа аввалин Форуми занони вилояти Хатлон, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолият доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Мақсад аз баргузории Форум татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва ҷалби духтарон ба кор дар мақомоти қудратӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Ин аввалин Форуми занон ба ҳисоб рафта, дар назар аст, ки дар оянда ҳар сол баргузор шавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: