Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон: муносибатҳои Душанбе ва Тошканд ба сатҳи сифатан нав баромаданд

Дар мулоқоте, ки дар ҳукумати шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайати расмии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор шуд,  ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳокимияти шаҳри Тошканд.

Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  равобити чандинасраи дӯстона ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳанг, урфу одат,  анъанаҳои муштарак ва  дини ягонаро, ки аҳолии ду мамлакатро  ба ҳам мепайвандад, таъкид намуда, барои  рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе ва Тошканд  изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Рустами Эмомалӣ барои пазироии самимӣ  ва  фазои  дӯстона   изҳори сипос намуда, зикр кард, ки  ҷониби Тоҷикистон  ба тағйирот ва навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳи зиёд дорад ва тасмим  гирифтааст  бо фаъолияти соҳаи сохтмони ин шаҳр шинос шавад. Раиси шаҳри Душанбе  ёдовар шуд, ки соли оянда ташкили Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва дар доираи онҳо баргузор кардани  форуми ҷавонон дар назар аст.

Инчунин  зимни мулоқот Созишнома оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои солҳои 2020-2021 ба имзо расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: