Кишоварзони ноҳияи Панҷ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз карданд

Хоҷагии деҳқонии «Фарғона» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намуданд. Хоҷагидорон дирӯз  5 тонна пиёзи ғункардаашонро ба шаҳри Кӯлоб равон намуданд. Пиёзи барвақтӣ бо нархи аз 2,5 то 2,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тавре  муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ  Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт,  дирӯз, 3 апрел аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва содироти дохилии  он оғоз гардид.

«Хоҷагии деҳқонии “Фарғона” дар 30 гектар замини дар ихтиёрдоштааш пиёз кишт кардааст, ки айни ҳол ҳосили 10 гектари он омода гардидааст.  Дар сурати пайдо шудани харидор кишоварзон метавонанд пиёзро ҷамъоварӣ намоянд. Дар ноҳияи Панҷ дар мавсими имсола дар майдони 370 гектар пиёз кишт шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, аз ин майдон беш аз 10 ҳазор тонна ҳосил ғундоштан мумкин аст», — гуфт номбурда.

АМИТ «Ховар»

Tags: