Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисон минатдор аст

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри як баёния дар сомонаи худ минатдории худро ба мухлисони футбол, ки дар бозиҳои дастаи мутахаби Тоҷикистон бо Туркманистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд, расонидааст.
«Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки дастаи миллии моро дар варзишгоҳ дастгирӣ карданд ва он замина фароҳам овард, ки мо ба ғалаба комёб шавем. Мо бо мухлисонамон ифтихор мекунем»-омадааст дар баёния.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон вохӯрда, бо натиҷаи 3:0 ва 1:0 ғолиб омад.
Ин натиҷа ба раддабандии нави ФИФА, ки 24-уми ноябр гузаронида мешавад, таъсирбахш хоҳад буд. Дар ду бозӣ 24 000 тамошобин ба варзишгоҳ омада, дастаи мунтахабро дастгирӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: