Доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ба Душанбе меоянд

19 апрел дар доираи баргузории намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвари ҳамсоя баррасӣ хоҳанд гашт.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"