Дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

5 ноябри соли 2017, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор  мегардад. Муссобиқа ба ҷашни 23 –юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ  бахшида шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, дар робита ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи  қарори мазкур   масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои даъвату  ҷалби беҳтарин аспсаворон, корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ  ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқа вазифадор гардидаанд.

АМИТ «Ховар»