Ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки интизор меравад 20 апрел дар Душанбе доир гардад, роҳбарону намояндагони наздик ба 40 ширкату корхонаҳои гуногуни истеҳсолию саноатии Қазоқистон ба Тоҷикистон меоянд.
«Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузорӣ»-и Вазорати сармоя ва рушди Қазоқистон — «KAZNEXINVEST» ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ мебошанд.
Тақвияти ҳамкории иқтисодии ду кишвар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ арзёбӣ мегарданд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши соҳибкорони тоҷику қазоқ ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои мошинсозӣ, сохтмон, фарматсевтӣ, хӯрокворӣ, металлургия ва дигар бахшҳо баррасӣ хоҳанд шуд.
АМИТ "Ховар"