Шермуҳаммад Шоҳиён: «Беш аз даҳ ҳазор нафар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя накардаанд»

Вобаста ба  вайрон кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон  375 парвандаи  ҳуқуқвайронкунии   маъмурӣ нисбат ба 375 нафар шахс  баррасӣ шуд, ки дар натиҷа  ба 368 нафар  ба маблағи беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ҷарима татбиқ гардидааст. Ин нуктаро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ  имрӯз зимни натиҷагирӣ  аз фаъолияти  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шашмоҳаи аввали соли равон баён кард.

Шермуҳаммад Шоҳиён   афзуд, ки   дар ин давра  ба судҳои ҷумҳурӣ  84071 парванда ва дархосту пешниҳодҳо  ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  659 адад зиёд аст.  Аз ин шумора  судҳо 74182 адад парвандаҳо ва дархосту  пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд. Аз парвандаҳои  баррасигардида  дар марҳиллаи якум  6838 ададро парвандаҳои гражданӣ, 19382  парвандаҳои  оилавӣ, 5355  парвандаҳои  ҷиноятӣ, 28261 ададро  парвандаҳои  маъмурӣ  ва 9747 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд.

Зикр шуд, ки  дар ин  давра  шумораи баррасии  парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  дар мавриди риоя накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти  падару модар дар  таълиму тарбияи  фарзанд» ба зиёда аз  даҳ ҳазор расида,  бо 9267 парванда нисбат ба 9267  нафар қарор қабул гардид. Нисбат ба 3628 нафар огоҳӣ  ва нисбат ба  5639 нафар ҷазои ҷарима  ба маблағи  беш аз 939 ҳазор  сомонӣ  таъйин гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: