Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард

Иди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябри соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, қарор қабул намуд. Зикр шуд, ки 1 сентябр соати 6:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Аз ҷараёни ҷаласа хабар дод, санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ, хайру кумак ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон- Тоҷикистон, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.
Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 август дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш дар мавриди Иди саиди Қурбон сухан карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд. Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд, ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест».

Tags: